Мусобиқаи Чемпионати мавсими чоруми Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон ба поён расид. Ғолиби мусобиқа дар даври охир муайян шуд. Баъд аз 18 давр ду даста – “Хатлон” ва “Зебонисо” 51-имтиёзӣ касб карда, аз рӯи бартарият дар вохӯрии байни дастаҳо “Хатлон” соҳиби медали тилло гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, “Хатлон” бори дуюм унвони қаҳрамониро ба даст меорад. Унвони аввалро “Хатлон” соли 2019 соҳиб шуда буд.

Нишонзани беҳтарини чемпионат бозингари тими “Хатлон” Лайло Ҳалимова дониста шуд, ки 67 маротиба тӯбро ба дарвозаи ҳарифон ба нишон расонидааст. Дарвозабони беҳтарин Адолатхон Комилова эътироф шуд, ки дар 18 бозӣ ҳамагӣ 4 маротиба ба дарвозаи ӯ тӯб равона шудааст.

Ҷоизаи беҳтарин футболбози мавсим ба Марҷона Саидова (“Зебонисо”) ва мураббии беҳтарин ба Қурбонгул Қурбонова (“Хатлон”) тақдим шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.