Таэквондочиёни тоҷик дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон дар 2-юмин мусобиқаи кушоди вилояти Намангон оид ба таеквондо (WT) 26 медал ба даст оварданд. Дар ин бора Кумитаи милли олимпии кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар мусобиқа ба ғайр аз 51 варзишгар аз Тоҷикистон, ҳамчунин, варзишгарон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия дар маҷмӯъ, 2300 нафар варзишгар байни ҳам қуваозмоӣ намуданд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки мусобиқа миёни кӯдакон, наврасон ва калонсолон низ баргузорр гардид.
Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқа миёни калонсолон сазовори 9 медал - 3 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.
- Медалҳои тиллоро Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни -80кг, Муниса Ойматова дар вазни -49кг, Рӯзигул Саидова дар вазни +73кг ба даст оварданд. Муҳаммадҷон Суннатов дар вазни 63кг, Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов дар вазни 74кг, Мунира Абдусаломова дар вазни +73кг сазовори медалҳои нуқра ва Абумуталиб Мирзоев дар вазни 54кг, Нуралишо Солиҳов дар вазни 63кг ва Руқия Алиаҳмадова дар вазни 53кг сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд, - менависад манбаъ.
Таэквондочиёни тоҷик миёни наврасону кӯдакон 17 медали дигар – 2 тилло, 5 нуқра ва 10 биринҷӣ ба даст оварданд.
Гуфта мешавад. ки Азимҷон Абдуллоев, Исмоил Исроилзода бо медали тилло, Анвар Аҳмадзода, Ёқубҷон Маҳмадёров, Қобилҷон Маҳмадёров, Руҳангез Аҳмадова, Самад Амиршоев бо медали нуқра, Осиямоҳ Солиҳова, Меҳрнигор Шарипова, Нурина Алиназарова, Билол Зокиров, Собит Негматов, Абӯбакр Каримов, Муҳаммад Шарипов, София Негматова, Ясмина Тоирова ва Сиёвуш Нозимов бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Ҳамчунин, намояндагони Тоҷикистон Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов беҳтарин варзишгари мусобиқа ва Далер Фозилов беҳтарин мураббӣ дониста шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста