Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба муҳорибаи тан ба тан (рукопашные бои) дар Маскав варзишгари тоҷик Камолиддин Боймирзоев ба дарёфти медалли тилло дар вазни то 60 кг шарафёб гардид.
Ба ҷуз медалҳо, ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ба унвонҳои устоди шоистаи варзиш ё устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ соҳиб шуданд.
Камолиддин Боймирзоев варзишгари ММА мебошад. Ӯ соли 2019 ба иштирок дар мусобиқаҳо оғоз намуда, то ин дам се муҳориба гузаронидааст ва дар 1-тоаш ғолиб омадаву 2-тоашро бохтааст.
Дар мусобиқаҳои чунин промоушенҳо ба монанди ACA Young Eagles, CFC, Belgorod Absolute Fighting ширкат варзидааст.
Варзишгар ҳоло ба рейтинги байнулмилалии ММА дохил нашудааст, чунки барои шомил гардидан ба он, ӯро лозим аст, ки дар ММА ҳадди ақал боз ду муҳориба гузаронад.
Мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба муҳорибаи тан ба тан бори нахуст дар Русия баргузор шуд. Дар он беш аз 300 нафар варзишгарон аз 37 кишвар қувваозмоӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки Федератсияи байнулмилалии муҳорибаҳои тан ба тан имсол 15-солагии таъсисёбиашро ҷашн мегирад. Имрӯз муҳорибаи тан ба тан ҳамчун навъи варзиш дар 40 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Айни замон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Федератсия он аст, ки муҳорибаи тан ба тан ба рӯйхати навъҳои варзиши олимпӣ шомил карда шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.