Сомон Маҳмадбеков паҳлавони маъруфи тоҷик дар риштаи ҷудо, ба иллати мусбат баромадани натиҷаи ташхиси COVID 19 аз ҳаққи ширкат дар рақобатҳои Grand Prix Portugal 2022 маҳрум шуд.

Дар ин бора  Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст “санҷиши COVID-19-и ӯ мусбат баромад”.

Ҳоло Сомон Маҳмадбеков ҳамроҳ бо мураббии ҷопонияш дар Португалия қарор доранд. Мураббии Сомон Фотеҳ Маҳмадбеков аз Русия ба "Азия-Плюс" гуфт, ки онҳо қабл аз сафар дар Русия тест супурда буданд, ки натиҷааш  манфӣ буд, аммо қабл аз оғози мусобиқа рӯзи 26-уми январ боз як бори дигар дар Португалия тест додаанд. 

Ба гуфтаи мураббиёнаш Сомон Маҳмадбеков аз саломатӣ шикояте надошт ва ҳеч гуна аломати гирифторӣ ба бемории каронавирус дар ӯ мушоҳида намешавад.

Мусобиқоти Grand Prix Portugal 2022, қарор аст фардо, 28-уми январ дар  шаҳри Алмадаи Португалия оғоз шавад ва то санаи 30-уми январ давом кунад.

Тасмим буд дар ин рақобат Тоҷикистонро ду паҳлавони маъруфи риштаи ҷудо Комроншоҳ Устопириён ва  Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ кунанд. 

Дар соли 2022 ин нахустин мусобиқаи Федератсияи ҷудои ҷаҳон маҳсуб меёбад ва ҳамакнун Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кг Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Grand Prix Portugal ширкати 334 варзишгар аз ҷумла 194 мард ва 140 зан аз 44 кишвар олам дар назар аст. Гуфта мешавад ба ҷуз аз медал, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ мукофоти пулӣ барои ҷойи 1-ум - 3000 евро, барои ҷойи 2-юм - 2000 евро, барои ҷойҳои 3-юм - 1000-евроӣ супурда мешавад.

Ин мусобиқаи байналмиллаӣ барои иштирокчиёнаш дар раддабандии ҷаҳонӣ имтиёз медод, ки ҳоло Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило бо 2173 имтиёз дар раддабандии ҷаҳонӣ мақоми 18-умро касб мекунад.

Соли 2022 ҳамчунин ширкати паҳлавонони ришати ҷудои кишвар, дар сабқатҳои Paris Grand Slam 2022 – 5-6-уми феврал,  Tel Aviv Grand Slam 2022 – 17-19-уми феврал, Tbilisi Grand Slam 2022 – 25-27-уми март, Antalya Grand Slam 2022 – 1-3-юми апрел, Kazan Grand Slam 2022 – 20-22-юми май, Dusseldorf Grand Slam 2022 – 4-6-уми июн, Ulaanbaatar Grand Slam 2022 – 24 -26-уми июн дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.