Ду паҳлавони ҷудокори тоҷик дар  Almaty Asian Junior Cup 2022 ё Ҷоми наврасону ҷавонони ҷудои Алмато ба гирифтани як медилаи тилло ва як биринҷӣ сарфароз шуданд. Дар ин бораи Федератсияи ҷудои кишвар хабар медиҳад. 

Абубакр Шеров дар вазни -66 кг ба гирифтани медали тилло ва мақоми аввали ин мусобиқот даст ёфт.

Абубакр Шеров (-66кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюму сеюм варзишгаронии мизбон Бекзод Каиргалиев ва Куралбек Саталиевро шикаст дод. Дар марҳалаи чорякниҳоӣ Абубакр дар муқобили паҳлавони Узбекистон Муҳриддин Ғиёсов қарор гирифта ва бар пирӯз шуд. Дар ниманиҳоӣ боз Нурдавлат Базиржании мизбонро аз сари роҳ дур кард дар марҳалаи ниҳоӣ Азизбек Ортиқови узбекистониро мағлуб кард ва пирӯзи сабқат шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик, Парвиз Абдураҳмонов (-100кг) дар даври якум Динассил Таттимбеки қазоқро шикаст дод, аммо дар марҳалаи чорякниҳоӣ аз ҷудокори Узбекистон Муҳаммадқодир Мансуров шикаст хӯрд. Сипас, дар даври тасаллобахш ва сабқат барои дарёфти ҷойи сеюм ду паҳлавони мизбон, Темирлан Кайролда ва Габдулманап Ерассилро мағлуб кард. 

Парвиз Абдураҳмонов медали биринҷӣ ба гардан овехт
Акс аз Tajikistan Judo Federation

Ин мусобиқот аз 12 то 15-уми май дар Алматои Қазоиқистон баргузор шуданд. 

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот дар миёни наврасон Фотимахон Гадоева (-52кг), Ҷасур Лутфишоев (-55кг), Худодод Шанбиев (-60кг), Ҷаъфари Ҷаъфар ва Мусо Саъдуллоев (ҳар ду -66кг) намояндагӣ карданд, ки ҳеч кадоме аз ин ҳо ба гирифтани медал муяссар нашуд.

Дар сабқати ҷавонони ин мусобиқот аз Тоҷикистон 8 нафар: Саидашраф Лоиқов, Абуҳанифа Қурбонбозор, Абубакр Шеров (ҳар се -66кг), Ҳоҷибек Мухторов (-73кг), Сунатулло Лоиқов, Мизробшо Лоиқов (ҳар ду -81кг), Муҳсин Малаев (-90кг) ва Парвиз Абдураҳмонов (-100кг) майдондорӣ карданд.

Дар ин Ҷоми ҷудои Осиё 473 варзишгар аз 6 давлат ширкат кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.