Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) рӯзи 18-уми май бозиашро дар даври чорум дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни наврасони то 16-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бо тими +збекистон бо ҳисоби 0:2 бохт.
Шоми 18-уми май дар бозии дигари ин давр дастаи наврасони Эрон тими ҳамтоёни худ аз Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.
Пирӯзи мусобиқоти наврасони CAFA-2022 дар даври хотимавии ин мусобиқот, рӯзи ҷумъаи 20-уми май муайян мешавад. Дар ин рӯз бозиҳо миёни Қирғизистону Ӯзбекистон (соати 18.00) ва Тоҷикистону Эрон (соати 21.00) дар назар аст.
Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ҳамагӣ даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 20-уми май идома хоҳанд кард.
Тибқи дастури мусобиқа, қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба дастоварда муайян карда мешавад.
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Президенти Ӯзбекистон имрӯз ба Душанбе меояд
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста