Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки бори нахуст дар таърихи худ ба даври финалии Ҷоми футболи Осиё-2023 роҳхат гирифт, дирӯз, 15 июн ба Душанбе баргашт.

Тавре ки Федерератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар фурудгоҳи пойтахт футболбозони тоҷикро гарму самимӣ истиқбол намуданд. Даҳҳо намояндагони расонаҳои хабарӣ ва садҳо мухлисон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъ омаданд.

Дар фурудгоҳ ҳайати дастаро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё байни дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми дирӯз дар Бишкек мусовӣ - 0:0 анҷом ёфта, ба ин тариқ мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи «F» зинаи якумро ишғол намуд.

Дар бозии дигари ин гуруҳ Сингапур тими Мянмарро бо ҳисоби 6:2 мағлуб кард. Дар ду бозии пешин мунтахаби Тоҷикистон бар тимҳои Мянмар бо ҳисоби 4:0 ва Сингапур - 1:0 дастболо шуда буд.

Ҳамин тариқ, мунтахабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо касби 7-имтиёзӣ ба даври финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.

Сурат: ФФТ

Аз ҳисоби таносуби хубтари тӯбҳо (5-0) мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳ ба зинаи якум соҳиб шуда, дар се бозӣ ба ворид шудани ягон гол ба дарвозааш роҳ надод.

Сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар нишасти матбуотии пас аз вохӯрӣ ба ҷониби Қирғизистон барои дар сатҳи хуби ташкилӣ гузаронидани мусобиқа ва муносибати хуб бо футболбозони тоҷик изҳори миннатдорӣ кард.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт бори нахуст дар таърихи худ ба даври финалии Ҷоми футболи Осиё роҳхат гирифт.

Дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё ба ҷуз Тоҷикистон дастаҳои зерин иштирок мекунанд: Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Ӯзбекистон, Таиланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия.

Даври финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё аз 16 июн то 16 июли соли 2023 баргузор мешавад. Қарори дар куҷо доир гардидани Ҷоми футболи Осиё-2023 дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.