Нурулло Алиев, размикори тоҷики ММА дар қувваозмоӣ барои дарёфти қарордоди имконпазир бо UFC бо варзишгари арманӣ дар вазни сабук Наир Меликян рақобат хоҳад кард.

Қувваозмоии даври интихобии мусобиқаи Dana White's Contender Series рӯзи 20 сентябр дар толори «UFC Apex»-и Лас-Вегас баргузор мешавад.

Қувваозмоии охирини худро Алиев моҳи сентябри соли 2021 дар мусобиқаи Fight Nights & Eagle FC гузаронида, бо қарори якдилонаи доварон ӯ бар намояндаи Русия Кирилл Крюков дастболо шуд. Ӯ шаш ғалаба ба даст оварда, дар ягон қувваозмоӣ шикаст нахӯрдааст.

Наир Меликян моҳи майи соли 2022 дар мусобиқаи Armenia MMA Federation - Armenian Championship 2022 дар раунди дуюм бо нокаут Гамлет Степанянро мағлуб кард.

Нурулло Алиев (аз чап) ва Наир Меликян (аз рост)
Сурат: аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Размикори муҳорибаҳои омехта Нурулло Алиев аввалин намояндаи Тоҷикистон дар Лигаи UFC шуда метавонад. Қаблан дар ин бора дар саҳифааш дар Instagram худи размикор хабар дода буд.

“20 сентябр иншоаалоҳ дар UFC размикори мо ҳам пайдо мешавад”,- навишта буд вай. Дар идома размикори тоҷик, ки ӯро “Уқоби тоҷик” низ мегӯянд, ба президенти амалкунандаи Ultimate Fighting Championship (UFC) Дана Уайт изҳори миннатдорӣ карда буд: “Дана ташаккур, ки ба ваъдаатон вафо карда, ба ман ҷиҳати рақобат барои қарордод бо UFC имкон додед”.

Ғайр аз ин, пас аз танаффуси тӯлонӣ дигар размикорони маъруфи тоҷик низ ба октагон (майдон) бармегарданд. Рӯзи 14 октябр дар Дакотаи Ҷанубӣ Муин Ғафуров барои дарёфти камарбанди лигаи LFA («Legacy Fighting Alliance») бо варзишгари Бразилия Диего Силва рақобат мекунад.

Рӯзи 29 октябр дар мусобиқаи Bellator дар шаҳри Милани Италия Шараф Давлатмуродов дар толори «Allianz Cloud» қувваозмоӣ мекунад.

Айни замон ташкилкунандагон барои размикори тоҷик дар вазни миёнаи сабук рақиб меҷӯянд ва ояндаи наздик ҳарифи ӯ маълум мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.