Шӯрӯъ аз соли 2024 шумораи бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон ба 12 адад расонида шуда, соли оянда ду дастаи аввали лигаи якум мустақиман роҳхати лигаи олии мавсими соли 2024-ро соҳиб мешаванд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳамзамон дастае, ки дар Лигаи олӣ дар соли 2023 мақоми нуҳумро мегирад, бо барандаи медали биринҷии Лигаи якуми соли 2023 бозиҳои гузаришӣ баргузор мекунад. Ғолиби бозиҳои гузаришӣ ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олии мавсими соли 2024-ро пайдо мекунад.

Кумитаи баргузории мусобиқоти ФФТ санаи баргузории бозии Суперҷоми кишварро дар мавсими соли 2023 пешниҳод кард. Вохӯрӣ байни қаҳрамони феълӣ, соҳиби Ҷоми кишвар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 6-уми май дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд дар назар аст.

Сурат: ФФТ

Ғайр аз ин, дар маҷлиси Кумита шакли ташкили 32-юмин чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ баррасӣ карда шуд. Мисли мавсими анҷомшуда, дар соли 2023 низ чемпионат дар ду марҳила ба нақша гирифта шудааст. Дар марҳилаи якум – даҳ даста аз рӯйи системаи «хона – сафар» бо ҳамдигар дар ду давра бозӣ мекунанд.

Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал бадастоварда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯйи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-ум мубориза мебаранд. Панҷ бошгоҳи боқимонда дар як давр дар гурӯҳи «Б» рақобат карда, барои боқӣ мондан дар лигаи олӣ мубориза мебаранд.

Варзишгоҳи марказии Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи баргузории мусобиқоти ФФТ ба ҳайси макони роҳандозии вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 пешниҳод шуд. Агар шаҳри Кӯлоб ин бозиро мизбонӣ карда натавонад, варианти алтернативӣ Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан мешавад.

Интизор меравад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум дар соли 2023 аз 12 то 14 даста ширкат мекунад. Шумораи дақиқи дастаҳо аз рӯи натиҷаҳои расмиёти иҷозатномадиҳӣ муайян карда мешавад. Тахминан мавсими нав дар лигаи якум 22 апрел оғоз меёбад.

Зикр мешавад, ки тамоми қарорҳои Кумитаи баргузории мусобиқаҳои ФФТ бояд дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасдиқ ва тасвиб шаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.