Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 дар Қатар ба охир расид Унвони қаҳрамони ҷаҳонро тими Аргентина ба даст овард.

Дар бозии финалӣ футболбозони Аргентина тими Фаронсаро мағлуб намуданд. Вақти асосӣ (2:2) ва 30 дақиқаи иловагии бозӣ (3:3) мусовӣ анҷом ёфта, дар зарбаҳои 11-метра футболбозони Аргентина бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд.

Бино ба маълумоти портали омории Opta Sports, дар ин мусобиқа ҳамагӣ 172 гол зада шуд, ки барои мусобиқаҳои ҷаҳон нишондиҳандаи рекордӣ аст.

Мессӣ беҳтарин бозингари чемпионати ҷаҳон дар Қатар шуд.

Энсо Фернандес (Аргентина) — беҳтарин бозингари ҷавони мусобиқа.

Эмилиано Мартинес (Аргентина) — беҳтарин дарвозабони чемпионат.

Килиан Мбаппе (Фаронса) — нишонзани беҳтарин.

Сурат: sports.ru

Аргентина бори сеюм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон соҳиб шуд. То ин дам аргентиниҳо солҳои 1978 ва 1986 ин унвонро ба даст оварда буданд.

Месси аз рӯи шумори бозиҳо дар чемпионатҳои ҷаҳон рекордсмен шуда (26 бозӣ), дарвозабони фаронсавиҳо Уго Лорис аз рӯи ин нишондиҳанда байни дарвозабонон рекорд гузошт (20).

Дар бозӣ барои зинаи сеюм дастаи Ховатия тими Марокашро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, ба медали бириниҷии мусобиқа соҳиб шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.