Дар мусобиқаи ММА UFC-294 дар Абу-Даби размикори тоҷики ММА Муҳаммад Наимов намояндаи Британияи Кабир Натаниэл Вудро мағлуб намуда, изҳор дошт, ки ба тамоми ҷаҳониён нишон доданӣ аст, ки тоҷикон миллати пурқувватанд.
Дар қувваозмоӣ бо Вуд Муҳаммад Наимов бо қарори якдилонаи ҳакамон ғолиб дониста шуд.
Ин даҳумин ғалабаи Наимов дар қувваозмоиҳои касбӣ буда, Натаниэл Вуд ба бохти шашум дучор шуд.
Қобили зикр аст, ки барои Наимов ин қувваозмоии дуюм дар UFC аст: Муҳаммад дар ММА-промоушни бузург моҳи июн бори нахуст рақобат карда буд. Оз замон ӯ намояндаи Австралия Ҷейми Малларкиро бо нокаут мағлуб карда буд.
Гузориши мукаммали видеоии қувваозмоии Наимов ва Вудро бо суроғаи зерин метавон тамошо кард.
Пас аз қувваозмоӣ зимни нишасти матбуотӣ Муҳаммад Наимов зикр кард, ки “ӯ муддати зиёд дар соҳаи варзиш қарор дорад”.
“Барои ман ҳариф душвор набуд. Ман бо ҳарифоне қувваозмоӣ карда будам, ки 10 баробар аз ӯ пурқуваттаранд. Дирӯз ҳолам бад буд, дафъаи оянда иншоаллоҳ, ҳамааш хуб мешавад.
Вақте мегӯянд, ки тоҷикон танҳо муҳоҷиронанд, ман меранҷам. Намефаҳманд, ки одамони бад ҳастанд, на миллатҳои бад. Исбот кардан мехоҳам, ки тоҷикон халқи пурқувватанд. Мо таърихи хеле қадима дорем. Ба тамоми ҷаҳон нишон доданиам, ки “Тоҷикистон” бояд пурифтихори садо диҳад!”.
Дар ҳамин мусобиқа боз як размикори тоҷик Муин Ғафуров қувваозмоӣ кард. Мутаассифона, ӯ дар рақобати асосӣ аз намояндаи Русия - Саид Нурмагомедов шикаст хӯрд. Рақобат пеш аз муҳлат дар раунди аввал ба охир расид. Нурмагомедов аз усули буғӣ кардан истифода бурда, маҷбур кард, ки Ғафуров таслим шавад.
Барои Ғафуров ин шашумин бохт дар 25 қувваозмоӣ аст. Аммо Ғафуров таслим шуданӣ нест ва ният дорад, ки минбаъд рӯйи камбудиҳояш кор кунад, то ки ба октагон баргардад.
Дар ҳамин ҳол, портали SPORTS.tj-и Тоҷикистон дар бораи гонорар ё худ мукофотпулиҳои размикорон хабар дод. Саид Нурмагомедов мувофиқи қарордод бо промоушен барои қувваозмоӣ 75 ҳазор доллар ва аз ҳисоби маблағҳои сарпарастон боз 25 ҳазор доллар пул кор кард. Ғафуров 24 ҳазор доллар ва 5 ҳазор доллар аз ҳисоби сарпарастон ба даст овард.
Тибқи фарзияи Sports Payouts, Муҳаммад Наимов 49 ҳазор доллар кор карда, аз чӣ қадар маблағ пардохт шудан аз ҳисоби сарпарастон хабар дода намешавад.
Маълумоти бештар муфассал дар бораи мукофотпулиҳои размикорон пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои UFC 294 нашр мешавад.