Шоми дирӯз, 11-уми июн, дар Душанбе рақобати ниҳоии марҳилаи дуюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи “G” миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид. Дар ин бозӣ футболбозони тоҷик бо ҳисоби 3 бар 0 покистониҳоро шикаст доданд.
Голҳои дастаи Тоҷикистонроо Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳаннонов ба самар расонданд. Баъди он ки тими миллии футболи кишвар аз дастаи мунтахаби Урдун бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд, имкони роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдии мусобиқотро аз даст дод.
Дар бозии дигари гурӯҳи “G” мунтахаби футболи Урдун бо ҳисоби 2 бар 1 Арабистони Саудиро шикаст дода, садрнишини гурӯҳ шуд. Арабистон бошад, дар зинаи дуюми ҷадвал қарор гирифт ва ҳардуи ин мунтахабҳо ба марҳилаи баъдии бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон роҳ ёфтанд.
Тоҷикистон дар 6 бозии худ бо ду ғалаба, ду мусовӣ ва ду бохт соҳиби 8 имтиёз шуда, дар зинаи сеюми гурӯҳ қарор гирифт ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб шуд. Ду ғалабаи Тоҷикистон бар муқобили Покистон, ки заифтарин дастаи гурӯҳ дониста мешуд, буданд.
Ҳамин тавр, баъди анҷоми бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳони футбол аз Осиёи Марказӣ Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд. Аммо Тоҷикистон ва Туркмонистон аз идомаи бозиҳо маҳрум гаштанд.
Ҳамакнун дар марҳилаи сеюми рақобатҳои интихобӣ 18 даста аз Осиё барои ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон бозиҳоро идома медиҳанд. Аз ин миён танҳо 8 даста имконияти ширкат варзидан дар Ҷоми Ҷаҳони футболро доранд.
Бояд гуфт, ки дар таърихи футболи тоҷик боре мунтахаби футболи кишвар ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон роҳ наёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон аз 11 июн то 19 июли соли 2026 баргузор мегардад ва бори нахуст се кишвар - Канада, Мексика ва ИМА ин мусобиқаро мизбонӣ мекунанд. Ҳамчунин бори аввал дар ин мусобиқот 48 даста иштирок мекунанд.





Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
“Нарх гарон мешавад”. Ҷанг дар Эрон тоҷирони тоҷикро нигарон кардааст
Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати раҳбари олии Эрон интихоб шуданаш табрик гуфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2026
Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста