Дар мусобиқаи байналмилалии куштигирӣ барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” Тоҷикистонро 20 варзишгар, аз ҷумла Комроншоҳ Устпороиён, ҷудокори шинохтаи тоҷик, ки қаблан гуфта буд, ба корномаи варзишии худ хотима медиҳад, муаррифӣ мекунанд.
Номи ин паҳлавон дар рӯйхати онҳое, ки Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд, дида мешавад. Ӯ дар вазни то 95 кг баромад хоҳад кард.
Қаблан, ин паҳлавони шинохтаи тоҷик пас аз шикаст дар бозиҳои олимпии "Порис-2024" эълон карда буд, ки ба корномаи варзишии худ хотима медиҳад. Ӯ аз номдортарин ҷудокорони тоҷик аст, ки аз даҳҳо мусобиқаҳои ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон медал овардааст.
Дар маҷмуъ, дар ин мусобиқот Тоҷикистонро 18 варзишгар, аз ҷумла 3 зан муаррифӣ мекунанд. Ин мусобиқа рӯзи 26-уми апрел дар ар Қасри тенниси шафати Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе ба таври зайл аст:
Мардон:
- Муллораҷаб Халифаев, Суҳроб Боқиев, Муслимбек Каримов ва Сарвар Абдушукуров дар вазни то 65 кг;
- Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов ва Абубакр Боқиев дар вазни то 78 кг;
- Комроншоҳ Устопириён, Исроил Раҳимов , Улуғбек Раҳимов ва Муҷиб Меҳробҷонзода дар вазни то 95 кг;

- Шакармамад Мирмамадов, Шариф Назриев, Фирдавс Насимов ва Дадахон Қурбоналлиев дар вазни ҷамъи 95 кг.
Занон:
- Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова ва Фазилат Гулбоева дар вазни то 70 кг.
Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқот ҳамчунин, варзишгарон аз 25 кишвар – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Эрон, Ҳиндустон, Арманистон, Бангладеш, Белорусия, Булғористон, Олмон, Юнон, Миср, Молдова ва дигар давлатҳо ширкат мекунанд.
Ҷоизаи умумии мусобиқа 110 ҳазор доллар мебошад. Ғолибони мақоми аввал бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм 2 ҳазору 500 доллар қадрдонӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, ки мусобиқа бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушди варзиш, тарғиби солимгардонӣ миёни сокинони пойтахт баргузор мешавад.
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Нола”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2025
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста