Ҳарифи нави размикори тоҷик Муҳаммад Наимов (12-3) намояндаи Утриш Богдан Град (15-2) аст. Тавре ки MMA Ohne Maske хабар медиҳад, рақобат байни Наимов ва Град рӯзи 21 июн дар доираи мусобиқаи UFC Baku доир мегардад.
Бори охир Муҳаммад Наимов моҳи феврали соли 2025 муқобили варзишгари турктабор аз Австралия Каан Офлӣ размида, бо ҳисоби доварон ғалаба карда буд.
Град моҳи феврали соли 2025 бори аввал дар мусобиқаи Лигаи UFC рақобат карда, Лукасс Александерро дар раунди дуюм бо нокаут мағлуб кард.
Ин рақобати 6-уми Наимов дар UFC мешавад. Айни замон натиҷаи Муҳаммад Наимов дар ин ташкилот аз 4 ғалаба ва 1 бохт иборат аст.
Муҳаммад Наимов, маъруф бо номи Hillman, – яке аз намояндаи барҷастатарини Тоҷикистон дар ММА аст. Ӯ соли 2023 муваффақона ба UFC ворид шуд. То моҳи майи соли 2025 ӯ ба якчанд ғалабаи назаррас (аз ҷумла бо нокаут) ноил гардида, худро ҳамчун зарбазани пуртаҷриба нишон дод.
Наимов бо усули ҷанговарона ва ҳамлагар дар рақобат ва зарбаҳои қавиаш маъруф аст. Рақобатҳояш дар UFC мавриди таваҷҷуҳи мухлисон ва мутахассисон қарор гирифта, ба зинаҳои баландтари радабандиҳо боло рафтани ӯ дар вазни нимасабук идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳам ғалабаҳо ба даст овардаву ҳам ба бохтҳо дучор гардида, дар рақобатҳои асосӣ (мейнкардҳо)-и мусобиқаҳои UFC Fight Night ва PPV дилпурона боқӣ мемонад. Муҳаммад ба устувор кардани мавқеи худ дар 25-гонаи беҳтаринҳо (топ-25)-и дивизион ва “гейткипер шудан” дар сафи 15-гонаи беҳтаринҳо қодир аст.