Ба муносибатиРӯзи дави миллӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 18 май дар Душанбе мусобиқаи давидан ва веломарафон доир мегардад.

Тавре ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, марфони велосипедронон соати 7:30 оғоз гардида, ҷамъшавии иштирокчиёни он - соати 7:00 муқаррар шудааст. Марафон аз постгоҳ дар терминали “Чорбоғ” (баромад аз Варзоб) оғоз гардида, тариқи кӯчаҳои Карамов, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ мегузарад ва дар назди маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ба охир мерасад.

Дар ин чорабиниҳо метавонанд ҳам варзишгарон ва ҳам дӯстдорони давидан ва варзиши велосипедронӣ иштирок кунанд. Ин марафон маротиаи 18-ум баргузор мешавад. Солҳои пеш дар чунин марафонҳо сокинони қатории Тоҷикистон, намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ, кормандони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои давлатӣ ширкат меварзиданд.

Ба ғолибони марафон аз ҷониби Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон дар се номина - варзишгарон, дӯстдорон ва занон туҳфаҳои арзишманд тақдим мешавад.

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ”, ҳамасола ҳар рӯзи якшанбеи моҳи май дар ҷумҳурӣ мусобиқаи дави умумиҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо таблиғи ба варзиш машғул шудан ва пешбурди ҳаёти солим унвон мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.