Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рӯзи 1-уми декабр радабандии нави худ миёни ҷудокорони ҷаҳонро нашр кард, ки намояндагони Тоҷикистон дар он мавқеъҳои баланди худро нигоҳ доштанд: 5 ҷудокори тоҷик дар даҳгонаи беҳтаринҳо дар вазнҳои худ ва боз 9 паҳлавони дигар миёни 25 ҷудокори беҳтарини ҷаҳон.
Аз ҷумла, Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг миёни мардон бо 4716 имтиёз зинаи дуюмро дар радабандии ҷаҳонӣ касб кардааст. Дар зинаи аввали радабандӣ дар ин вазн, ҷудокори Ҷопон Такеши Такеока бо 5380 имтиёз қарор дорад.
Соли равон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешт Эмомалӣ Нуралӣ медали нуқра, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё медали биринҷӣ ва дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2025" медали тилло гирифт.
Дар ҳамин вазн (то 66 кг) Обид Ҷебов бо касби 4216 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад. Ҷебов имсол дар муобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Будапешт соҳиби медали нуқра гардид.
Миёни мардон дар байни гаронвазнҳо (зиёда аз 100 кг) дар радабандӣ дар зинаи сеюм, Темур Раҳимов бо 4245 имтиёз ҷойгир аст. Дар ин вазни радабандӣ намояндаи Русия Инал Тасоев бо 5750 имтиёз дар мақоми аввал ва варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвили бо 4717 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифтаанд.
Дар ин мавсим, Темур Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Маҷористон (Венгрия) медали биринҷӣ, дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2025" медали тилло ва дар бозиҳои исломӣ медали нуқра ба даст овард.
Дар радабандӣ миёни мардон дар вазни то 81 кг бо 3537 имтиёз Сомон Маҳмадбеков дар мақоми шашум қарор гирифт. Дар мақоми якум дар ин вазн Темур Арубзов, варзишгари Русия бо 5955 имтиёз ҷой гирият.
Дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов бо касби 3925 имтиёз дар зинаи нуҳум қарор гирифт.
Ҳамчунин дар радабандии ҷаҳонии ҷудо ҷудокорони тоҷики зерин низ қарор доранд:
Абӯбакр Шеров (-73 кг) бо 3185 имтиёз дар зинаи 10-ум;
Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) бо 2955 имтиёз дар зинаи 12-ум;
Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг) бо 1778 имтиёз дар зинаи 21-ум;
Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) бо 1673 имтиёз дар зинаи 23-юм;
Масъуди Аҳмадзод (-73 кг) бо 1272 имтиёз дар зинаи 33-юм;
Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) бо 1025 имтиёз дар зинаи 40-ум;
Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) бо 678 имтиёз дар зинаи 58-ум.

Занони ҷудокори Тоҷикистон низ ба радабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо шомил гирдиданд:
Александра Кан (-57 кг) бо 770 имтиёз дар зинаи 56-ум;
Мадина Қурбонзода (-52 кг) бо 601 имтиёз дар зинаи 65-ум;
Аҳлия Муъминова (-48 кг) бо 370 имтиёз дар зинаи 87-ум;
Виктория Киселёва (+78 кг) бо 307 имтиёз дар зинаи 88-ум;
Зуҳал Ҷумъаева (-52 кг) бо 260 имтиёз дар зинаи 107-ум.





Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста