Дар мусобиқоти қаҳрамонии муштзании ҷаҳон, ки дар дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ идома дорад, як муштзани тоҷик медали биринҷӣ ба даст овард ва паҳлавони дигари тоҷик ба давраи ниҳоӣ ё финалӣ роҳ ёфт.
Акмал Убайдов дар вазни 60 кг аввалин медали Тоҷикистонро пас аз шикасти 4 ҳарифи худ ба даст овард. Аммо ӯ дар марҳилаи баъдӣ аз Всеволод Шумкови рус шикаст хӯрда ба финал роҳ наёфт ва соҳиби мақоми сеюму нишони биринҷӣ шуд.
Ин аввалин медали муштзанҳои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони имсола аст.

Ҳамчунин, Хусравхон Раҳимов, муштзани дигари тоҷик бо пирӯзӣ дар баробари Хуҷаназар Нортоҷиев аз Ӯзбекистон ба финали мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 57 кг баромад.
Дар ин набард варзишгари тоҷик бо қарори якдилонаи доварон (5:0) ҳарифашро ноком кард. Акнун Хусравхон рӯзи 13-уми декабр барои медали тиллои мусобиқа бо муштзани қазоқ Оразбек Асилқулов мубориза мебарад.
Ба иттилои Федератсияи муштзании Тоҷикистон, Хусравхон аввалин муштзани тоҷик дар таърих аст, ки ба финали Қаҳрамонии ҷаҳон роҳ меёбад.
Ӯ то расидан ба даври ниҳоӣ 4 рақибашро мағлуб кард.
Қаблан дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон аз Тоҷикистон Анвар Юнусов (56 кг) соли 2011 дар Боку, Мавзуна Чориева (60 кг) соли 2012 дар Синхуандао ва Баҳодур Усмонов (63,5 кг) соли 2023 дар Тошканд барандагони медалҳои биринҷӣ шуда буданд.
Имсол Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии муштзании ҷаҳон, ки дар шаҳри Дубай ҷараён дорад, 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Он то 13-уми декабр давом мекунад.
Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд. Аммо маблағи ҳар як ҷоизадор се тақсим мешавад: 50%-и пул ба варзишгар, 25% ба мураббии ӯ ва 25% ба Федератсияи муштзании кишвараш тақдим мегардад.





Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста