Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) радабандии навшудаи мунтахабҳои футболи ҷаҳонро нашр кард. Тибқи он тими миллии футболи Тоҷикистон бо касби 1224,93 балл дар мақоми 100-ум қарор гирифтааст. Дар муқоиса бо радабандии пешина, мавқеи мунтахаби ҷумҳрӣ 1 зина боло рафт.

Байни дастаҳои мунтахаби узви Конфедератсияи футболи Осиё, Тоҷикистон дар зинаи 17-ум ҷойгир аст. Пешсаф миёни тимҳои қораи Осиё, Эрон (зинаи 20-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ (22) мебошанд. Дар даҳгонаи аввал дастаҳои зерин ҷойгир шудаанд:

- Австралия (зинаи 27-ум);

- Ӯзбекистон (52);

- Қатар (56);

- Ироқ (58);

- Арабистони Саудӣ (61);

- Урдун (64);

- Амороти Муттаҳидаи Араб (68).

Мавқеъҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ чунин аст:

- Ӯзбекистон – зинаи 52;

- Тоҷикистон - 100;

-  Қирғизистон - 103;

- Қазоқистон - 114;

- Туркманистон - мақоми 137.

Мунтахаби Тоҷикистон
Акс аз ФФТ

Дар радабандии даҳгонаи беҳтарини ФИФА чунин давлатҳо шомил шудаанд:

1 . Испания - 1877,18 балл;

2. Аргентина - 1873,33;

3. Фаронса - 1870;

4. Англия - 1834,12;

5. Бразилия - 1760,46;

6. Португалия - 1760,38;

7. Ҳоланд - 1756,27;

8. Марокаш - 1736,57;

9. Белгия - 1730,71;

10. Олмон - 1724,15.

Давоми соли 2025 мунтахаби Тоҷикистон 10 бозӣ гузаронида дар 6-тоаш ғалаба ба даст овард. 2 бозӣ мусовӣ анҷом ёфта, дар 2 бозӣ ба шикаст дучор шуд.

Бозии наздиктарини расмии мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 31 марти соли 2026 дар Ҳисор баргузор мешавад. Вохӯрӣ дар доираи давраи хотимавии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” муқобили тими Филиппин доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон зинаи 99-ум дар соли 2024 буд. Ин баъди ҳунарнамоии муваффақона дар мусобиқоти марҳилаи финалии Ҷоми Осиё дар Қатар сурат гирифт. Нишондиҳандаи дуюми беҳтарини Тоҷикистон дар радабандии мунтахабҳои ҷаҳон зинаи ҳозираи 100-ум аст.

Болоравии аз ҳама назаррас дар радабандии мазкур моҳи июли соли 2013 сурат гирифта, дар ин сол мунтахаби кишвар якбора 40 мавқеъ (!) боло рафт. Бадтарин натиҷаи моҳона дар соли 2003-юм - зинаи 180-ум сабт шуда буд. Бадтарин нишондиҳандаи миёнаи солона дар соли 2002-юм ба қайд гирифта шуда буд - мақоми 168-ум байни 207 даста.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.