Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Мо Тоҷикистонро дар масъалаҳои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва терроризм шарики боэътимод медонем», - изҳор дошт пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Фармондеҳии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Мартин Демпси.

Дар мавриди истифодаи низомиёни Амрико аз зерсохтори ҳарбии Тоҷикистон намояндаи олирутбаи амрикоӣ чунин изҳори назар кард, ки «ин масъала дар мулоқот баррасӣ нашудааст».

М.Демпси бобати ташкил додани гурӯҳи нерӯҳои низомии Осиёи Марказӣ дар доираи Паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфт, ки иқдоми мазкур барои таъмини субот дар Афғонистон равона гардидааст. «Мо ҳама хоҳони онем, ки дар Афғонистон сулҳу салоҳ барқарор шавад», - афзуд ӯ.