Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Пас аз мулоқоти дусоата бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Мартин Демпси изҳор дошт, ки Амрико Тоҷикистон ва Афғонистонро дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дастгирӣ хоҳад кард.

«ИМА барои таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон мутахассисони тоҷикро ба омӯзиш фаро хоҳад гирифт», - гуфт ӯ.

Дар мавриди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ӯ чунин изҳори   назар намуд, ки барои решакан кардани истеҳсоли нашъа дар Афғонистон тарзу воситаҳои дигари пешбурди зиндагиро ба аҳолии ин кишвар бояд пешниҳод кард.

М.Демпси бо сафари нахустини расмӣ дар таърихи 31-уми июл ба Тоҷикистон омада, бо президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон ва вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Ш.Хайруллоев мулоқот намуд. Аз Душанбе ӯ озими Бағдод гашт.