Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«Хатлон-пресс» - Таи се соли ахир қарзи аҳолии шаҳри К ӯ лоб аз Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди (ҶСШК) «К ӯ лобгаз» ба 870000 сомон ӣ расидааст.

Хайрулло Ҳабибуллоев, сардори муассисаи мазкур дар ин бора ба «Хатлон-пресс» иттилоъ дод. Ӯ аз ҷ умла афзуд: «алҳол ба шаҳр 6000 кубометр газ дар як шабонар ӯ з интиқол дода мешавад. Ин барои таъмини хонаҳои баландошёна масраф мегардад. Шур ӯ ъ аз 2 июн бошад интиқоли газ ба маҳаллаҳои Борбад ва ш. Шоҳин бо сабаби корҳои сохтмон ӣ барои насби ҳисобкунакҳои газ ӣ батамом қатъ карда шуд.»

  Манбаъ инчунин қайд кард, ки дар 1 моҳ, даҳ р ӯ з гази таби ӣ ба корхонаи «Хишти К ӯ лоб» интиқол дода мешавад. Гуфта мешавад баъди ба пурраг ӣ аз кор баромадани кони гази «Хо ҷ а-Сартез» сокинон газро аз кони Бештентаки ноҳияи Бал ҷ увон мегиранд.

  Хотиррасон менамоем, соли 2005 баъди истифодаи нодуруст, кони гази «Хо ҷ а-Сартез» батамом аз кор баромад. То он дам ҳамар ӯ за ба шаҳр 65000 кубометр гази табии интиқол дода мешуд. Ҳамакнун   ширкати амрикоии «Тетис Петролиум Лимитед» тасмим дорад бо мувофиқа бо ҳук ӯ мати ҷ умҳур ӣ баҳри таъмир ва барқарорсозии конҳои гази Бал ҷ увон ва «Хо ҷ а- Сартез» 10 миллион доллари амрико ӣ масраф созад.