Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми дирӯз намоишгоҳи миллии Чин дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ки зимни мулоқоти муовини раиси палата Асаналӣ Карамалиев бо иштирокчиёни намоишгоҳ натиҷаҳои он ҷамъбаст гардиданд.

Зикр гардид, ки намоишгоҳ муваффақона баргузор шуда, миёни ширкатҳои Чин ва Тоҷикистон 4 шартнома оид ба додугирифти семент, коғаз, истеҳоли пиво ва ду лифт барои биноҳои баландошёна ба имзо расид.

Ҷониби Чин шарикони тоҷикистонии худро барои иштирок дар Ҳамоиши иқтисодии Чину Осиё (сентябр) ва намоишгоҳи дуввуми автомобилии Урумчӣ (октябр) даъват кард.

Ёдрас мекунем, ки Намоишгоҳи миллии Чин таҳти унвони «Тиҷорат ва сармоягузории Чин ва Тоҷикистон» аз 29-уми июл то 1-уми август дар маамааи давлатии «Кохи Ваҳдат» доир гардида, дар он беш аз 70 корхонаву ширкатҳои ин давлат маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд.