Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс - Ҷанде қабл дар мулоқоти намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ширкати «ЮНАН ФОСФАТ КЕМИКАЛС ГРУПП»-и Чин масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои минбаъда дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ширкати чиноӣ яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи нуриҳои минералӣ дар Чин мебошад.

«Намояндагони ширкат бо мушкилоти норасоии нуриҳои минералӣ дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ шинос гаштанд», - гуфт Н.Додобоев. Роҳбари ҳайати намояндагони Чин Ли Яоджи изҳор доштааст, ки онҳо ҷиҳати омӯзиши вазъи таъмини кишоварзон бо нуриҳои фосфорӣ ва имконоти истеҳсолу коркарди он ба кишвари мо омадаанд.

Намояндагони вазорати кишоварзии Тоҷикистон таъкид сохтанд, ки «бо назардошти талаботи зиёди соҳаи кишоварзии кишвар ба нуриҳои минералӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истихроҷу коркарди фосфор дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад аст».

Зикр гардид, ки ҳаҷми фосфоре, ки дар заводи кимиёи Ёвон истеҳсол мегардад, ҳамагӣ 30 фоизи талаботи кишоварзони ҷумҳуриро қонеъ месозад.