Кӯлоб. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб пас аз санҷиши истифодаи замини 12 корхонаву ташкилот ҳудуди 10 гектар замини бекорхобидро ошкор сохт, ки акнун ба фонди замини шаҳр дохил карда мешаванд.

Ба иттилои раиси шаҳр Ҳомид Абдуллоев, дар маҷмӯъ санҷиши 43 корхонаву муассиса ба нақша гирифта шудааст. «Дар замонҳои гуногун ин иншоот хусусӣ карда шуда буданд ва соҳибони нав заминҳои гирду атрофи онро низ моли худ ҳисобиданд, - идома дод ӯ. - Ин мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ буда, айни замон дар корхонае, ки коргари зиёде надорад, майдони якчанд гектар замин ҳеҷ зарурате надорад».

Мавсуф зикр кард, ки комиссия дар корхонаи «Пахтаи Кӯлоб 1,5 гектар , дар корхони равғанкашии ширкати «Мармариён» 0,7 гектар , дар муасссисаи нақлиётии рақами 52 2 гектар , дар колоннаи сайёри механиконидашудаи сохтмонӣ - 4 гектар , дар Раёсати сохтмони манзили зист - 4 гектар ва дигар корхонаву муассисоти хурд заминҳои бекорхобидаро ошкор сохт. Корхонаҳои номбурда дар соҳили рӯдхонаи Яхсу ҷойгир шудаанд ва заминҳои он мувофиқи таъинот истифода намешуданд.

Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, санҷиши пурраи заминҳои корхонаву муассисот аз 100 то 150 гектар заминҳои бекорхобидаро ошкор хоҳад сохт. «Ин заминҳо ба мардум барои сохтмони манзили зист дода мешаванд», - гуфт Ҳ.Абдуллоев ва афзуд, ки пеш аз ҳама, қитъаи замин ба коргарони ин муассисот, ки дар набати гирифтани замин дар мақомоти иҷроия сабт гаштаанд ва сипас ба дигар навбатгирифтагон дода мешавад.