Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC ) Ларс Туннел ҷиҳати боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Аз намояндагии ташкилот хабар доданд, ки боздиди корӣ дар таърихи 11-14-уми август ба нақша гирифта шуда, зимни он ноиби президенти корпоратсия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад орост. Дар вохӯрӣ муҳокимаи масоили вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону ин созмони бонуфузи молиявии байнулмилалӣ дар назар аст.

Маълумотнома: IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), ин узви гурӯхи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ буда, тавассути маблағгузории сохтори хусусӣ, сафарбаркунии маблағи хусусӣ дар бозорҳои молиявии байналхалқи ва маҳаллӣ, пешниҳоди маслиҳат ва хизмат ба сохтори хусусиву давлатӣ оид ба бартараф кардани хавф барои рушди иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат мекунад. Аз нуқтаи назари IFC, аҳолӣ бояд барои аз бӯҳрони камбизоатӣ баромадан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш имконият дошта бошад. Дар соли молиявии 2007 IFC 8,2 млрд. дол. ИМА маблағгузорӣ намуд ва илова бар ин 3.9 млрд дол. ИМА-ро тавассути   қарзҳо сафарбар кард ва барои 299 инвеститсия дар 69 кишвари рӯ ба тараққӣ маблағгузорӣ кард. IFC инчунин дар 97 кишварҳои ҷаҳон лоиҳаҳои машваратӣ амалӣ мекунад.