Кӯлоб. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар маркази ноҳияи Мӯъминобод - шаҳраки Мӯъминобод сохтмони истгоҳи нақлиёти мусофирбари замонавӣ шурӯъ шуд.

Ба иттилои манбаъ аз мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳия, дар маркази шаҳрак ҷиҳати бунёди истгоҳ ба иттиҳодияи ҷамъиятии «Сафар Музаффар» ба миқдори 0,48 гектар қитъаи замин ҷудо гардидааст.

Ба гуфтаи роҳбари иттиҳодия Саидакбар Ҷалолов, маҷмаа аз истгоҳи нақлиётӣ, қароргоҳи таъмири мошинҳо, чойхонаву ошхона, нуқтаҳои гуфтугӯи телефонӣ ва дигар иншооти маишиву хизматрасонӣ иборат хоҳад буд.  

«Барои оғози кор аз ҳисоби иттиҳодия мо 70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намудем ва дар сурати нокифоягии маблағ, ҷиҳати гирифтани қарз ба бонкҳо муроҷиат хоҳем кард», - афзуд роҳбари иттиҳодия.