Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Кишоварзони ҷумҳурӣ нқшаи кишти такрории зироатҳоро барзиёд иҷро карданд. Сухангӯи вазорати кишоварзии Тоҷикистон Нарзулло Додобоев дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба ҷои 101 ҳазор гектари пешбинишуда дар 104 ҳазору 915 гектар заминҳо кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки ин 103,9 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар заминҳои даравшуда ҳамчунин кишти зироатҳои дигар, аз қабили ҷуворимакка (20 ҳазору 794 гектар ), шолӣ (5 ҳазору 480 гектар ), дигар зироатҳои ғалладона (9ҳазору 614 гектар ), картошка ( 626 гектар ), сабзавот (10 ҳазору 173 гектар ), зироатҳои полизӣ (1 ҳазору 637 гектар ), зироатҳои техникӣ (1 ҳазору 282 гектар ва хӯроки чорво (55 ҳазору 310 гектар ) низ гузаронида шуданд.

Н.Додобоев зикр кард, ки саҳми кишвоарзони вилояти Хатлон дар барзиёд иҷро гардидани нақшаи кишти такрорӣ назаррас аст. Онҳо нақшаро 103,4 фоиз ва вилояти Суғд 101,5 фоиз ба иҷро расонидаанд. «Миёни ноҳияҳои тобеи марказ хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисор нақшаро ба андозаи 224 фоиз иҷро карданд», - афзуд сухангӯи вазорат.