Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳафтаи ахир дар Туркия қарор дошт, бо даъвти доираҳои сиёсии Судон ба ин кишвар сафар намуд.

Роҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамин моҳ М.Кабирӣ ба Малайзия низ сафар хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, раиси ҳизбро доираҳои сиёсиву илмии кишварҳои номбурда даъват мекунанд. «Зимни боздидҳо раиси ҳизб бо намояндагони доираҳои сиёсии ин кишварҳо мулоқот ороста, бо маърӯзаҳо баромад мекунад ва бо донишҷӯёни тоҷики муқими он ҷо вохӯрӣ доир месозад», - гуфт Ҳ.Сайфуллозода.

«Охири моҳи август сафари раиси ҳизб ба як қатор шаҳрҳои Русия ва мулоқоти ӯ бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба нақша гирифта шуда буд, вале ин сафарҳо онро ба таъхир меандозанд ва акнун лозим меояд, ки моҳи сентябр ин корро анҷом дод», - афзуд ӯ.