Кӯлоб. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон коҳиши 1169 сар чорвои майда, 31 сар чорвои калони шохдор ва 36 сар асп ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошад.

Сармутахассиси раёсати минтақавии кишоварзии Кӯлоб Ҷумъахон Амиршоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ноҳияи Мӯъминобод 1155 сар, Восеъ 449 сар чорвои майда, дар ноҳияи Темурмалик 18 сар ва Восеъ 10 сар асп кам шудааст. Ташвиши чорводорон бо ин ба охир нарасиданд. «Зарур омад, ки бисёр чорворо ба таври иҷборӣ кушем», - гуфт ӯ ва афзуд, ки дар 7 моҳи соли равон 2 ҳазору 88 сар чорвои калони шохдор, 22 ҳазору 350 сар чорвои майда ва 395 сар аспро ба таври иҷборӣ куштаанд.

Ба қавли мутахассис, зимистони сарди гузашта ва саривақт наандешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби хадамоти байтории ноҳияву хоҷагиҳо ба чунин вазъ боис гаштаанд.