Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Исломобод зимни баргузории конфронси чаҳоруми иштирокчиёни лоиҳаи бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ( CASAREM )   созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказ ӣ -Осиёи Ҷ ануб ӣ -1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии ин минтақа ба тасвиб расид. Дар амалисозии лоиҳа давлатҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Тибқи иттилои сомонаи интернетии Покистон Aaj . tv , созишномаи байниҳукуматӣ муфассал баррасӣ шуда бо дарназардошти пешниҳоду тавсияҳо таҳия гардидааст. Созишномаро вазири энергетикаи Покистон, вазири энергетика ва захираҳои обии Афғонистон, вазири саноат, энергетика ва захираҳои сӯзишвории Қирғизистон ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Кобул Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Қирғизистон Ёддошти тафоҳуми таъсиси хатҳои интиқоли барқи миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба имзо расониданд, ки маблағи он 500 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ёддошти мазкур сохтмони хати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистонро тавассути Афғонистон пешбинӣ мекунад.

Мувофиқи муқаррароти созишнома аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон 1300 МВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Масофаи хати баландшиддати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути Афғонистон 750 километр аст.