Душанбе. 6-уми август ОИ «Азия-Плюс» - Сармушовири Департаменти Хазинаи байнулмилалии асъор оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Дэвид Оуэн пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз ҷониби ширкати аудитории Русия «БТ-Юником» фаъолияти ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон низ таҳти аудити махсус қарор дорад ва интизор меравад, ки натиҷаҳои он моҳи ноябр эълон карда мешаванд.

Дар мавриди санҷиши фаъолияти ширкати алюминии Тоҷикистон «Талко» номбурда зикр кард, ки «вазифаҳои техникии баргузории аудит аллакай омода шудаанд». «Мо умедворем, ки пас аз эълони тендер моҳи сентябр санҷиши фаъолияти ин ширкат оғоз хоҳад гардид», - гуфт ӯ.

Д.Оуэн ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон, ки пас аз зимистони сарди гузашта барқарор мешавад, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда гуфт: «Мо аз сатҳи баланди таваррум, нархи қиммати маводи ғизо ва нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ нигарон ҳастем ва умедворем, ки ҳукумати кишвар пешниҳодоти моро дар ин самт ба эътибор хоҳад гирифт».

Ҳайати ХБА-ро сармушовири Департаменти ХБА оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Дэвид Оуэн, ки ба шарҳи фаъолият дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз масъул аст, роҳбарӣ мекунад.

Ҳайати ХБА бо сафари расмӣ барои натиҷагирӣ аз вазъи макроиқтисодӣ ва пешравии марҳилаи аввали Барномаи Мониторинги Хазина ( SMP ), ки нимсолаи дуввуми соли ҷориро дар бар мегирад, дар Тоҷикистон қарор доранд.