Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни суханронӣ дар семинари умумиҷумҳуриявии кишоварзӣ дар шаҳри Ваҳдат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти кишти такрорӣ ва комёбиҳои кишоварзони ин ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ӯ зикр кард, ки тибқи маълумоти олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ дар мамлакат аз рӯи нақшаи муқарраргардида васеъ намудани майдонҳои кишти такрории зироатҳои ғалладона аз имкон берун аст, вале аз ҳисоби самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои обиву лалмӣ, захираҳои биологиву иқлим, кишти навъҳои нави нисбатан серҳосил, бахусус тухмиҳои хушсифат ва такмил додани агротехникаи парвариши онҳо аз як қитъаи замин ба даст овардани ду ҳосили ғалла дар як сол имкон дорад.

«Дар масоҳати имрӯзаи кишт, ки барои зироатҳои ғалладона дар мамлакат ҷудо шудааст, ба ҳисоби миёна зиёда аз 1 миллион тонна ҳосили ғалладона ба даст овардан мумкин аст», - зикр кард сарвари давлат.

Дар суханронии худ Э.Раҳмон ҷараёни баргузории кишти такрорӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, Темурмалик, Қумсангир ва Шаҳринавро ғайриқаноатбхш арзёбӣ кард.

«Ҳадафи асосӣ аз татбиқи пайгиронаи сиёсати иқтисодии давлат, аз ҷумла дар самти кишоварзӣ пеш аз ҳама таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад ва барои ноил шудан ба ин ҳадаф мо бояд бо истифода аз ҳамаи роҳу усулҳо ва захираву имкониятҳо рушди устувори соҳаи кишоварзиро таъмин намоем», - афзуд президенти ҷумҳурӣ. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.