Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти федеролии амнияти Федератсияи Россия Алексей Бортниковро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории байни сохторҳои амниятии Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба ҳамгироиҳои сохторҳои махсуси ду кишвар дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин ба масоили таъмини амният дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе зоҳир карда шуд.

Дар сӯҳбат ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.