Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC ) эълом дошт, ки татбиқи лоиҳа оид ба қарздиҳии ипотека дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон шурӯъ мешавад.

Корманди масъули робита бо ҷомеаи лоиҳаи корпоратсия оид ба идоракунии корпоративӣ Вадим Нигматов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки лоиҳа бо мақсади расонидани кӯмаки машваратӣ ба бонкҳо ҷиҳати татбиқ ва беҳбуди ба роҳ мондани қарзи ипотека дар кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, бонкҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба дастрасии хизмагузориҳои машваратии касбӣ барои рушди қарздиҳии ипотека таваҷҷӯҳ зоҳир сохтаанд. «Татбиқи лоиҳа ба бонкҳои тиҷоратӣ дар мавриди бунёди таҳкурсии рушди дарозмуддат ва устувори бозори маҳаллии ипотека тавассути табодули таҷрибаи пешқадам дар ин соҳа кӯмак хоҳад расонд», - изҳор дошт ӯ.

«Дар вазъи имрӯзаи бозор, ки мӯътадилу устувор нест, масъалаи мазкур хеле муҳиму саривақтӣ аст», - гуфт роҳбари лоиҳа Гарт Бедфорд.

В.Нигматов зикр кард, ки IFC омода аст, бо дарназардошти талаботи мушаххаси бонкҳо таҷрибаи беҳтарини пиёдасозии низоми қарздиҳӣ, аз ҷумла тартиби кор, андеррайтинг ва хизматгузориҳои ипотекаро пешниҳод созад.

Дар навбати худ роҳбари барномаҳои машваратии лоиҳа Ролф Берндт қайд кард, ки тайи се соли ахир корпоратсия дар самти рушди бахшҳои бозори аввалия ва дуввумдараҷаи қарздиҳии ипотека дар минтақаи Осиёи Марказӣ фаъолият бурдааст. Мавсуф афзуд, ки амалисозии лоиҳаи мазкур ба пешбурди ҳадафҳои корпоратсия бобати фароҳам сохтани шароити мусоид барои қарздиҳии ипотека, ки дар арсаи байнулмилалӣ чун бехавфу қобили қабул эътироф шудаанд, такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Маълумотнома: IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), ин узви гурӯхи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ буда, тавассути маблағгузории сохтори хусусӣ, сафарбаркунии маблағи хусусӣ дар бозорҳои молиявии байналхалқи ва маҳаллӣ, пешниҳоди маслиҳат ва хизмат ба сохтори хусусиву давлатӣ оид ба бартараф кардани хавф барои рушди иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат мекунад. Аз нуқтаи назари IFC аҳолӣ бояд барои аз бӯҳрони камбизоатӣ баромадан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш имконият дошта бошад. Дар соли молиявии 2007 IFC 8,2 млрд. дол. ИМА маблағгузорӣ намуд ва илова бар ин 3.9 млрд дол. ИМА-ро тавассути   қарзҳо сафарбар кард ва барои 299 инвеститсия дар 69 кишвари рӯ ба тараққӣ маблағгузорӣ кард. IFC инчунин дар 97 кишварҳои ҷаҳон лоиҳаҳои машваратӣ амалӣ мекунад.