Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Аз 218 ҳазору 390 гектар майдони кишти зироати ғалладона то имрӯз дар 157 ҳазору 60 гектараш ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин беш аз 70 фоизи ҳосили гандумро ташкил медиҳад. Сухангӯи вазорати кишоварзии Тоҷикистон Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки гандуми 140 ҳазору 954 гектар кӯфта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳосили даравидаи гандум 268 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Соли гузашта ин рақам ба 203 ҳазору 342 тонна баробар буд. «Ҳосилнокии миёна аз ҳар гектар 19 сентнер аст», - гуфт ӯ.

Мувофиқи маълумоти вазорат, аз майдони умумии кишти зироати ғалладона, ки 284 ҳазору 237 гектарро ташкил медиҳад, дар 173 ҳазору 948 гектар ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳаҷми умумии ҳосили кӯфташудаи зироати ғалладона ба беш аз 295 ҳазор тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳазор тонна зиёдтар аст. Аз вазорат иттилоъ доданд, ки соли равон норасоии зироати ғалладона пешбинӣ намегардад, зеро нисбат ба соли гузашта 30 фоиз бештар чунин зироат кишт карда шудааст. «Айни замон кишти такрорӣ гузаронида мешавад», - афзуд сарчашма.