Душанбе. 6-уми август ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз роҳбари Хадамоти федеролии амнияти Русия Алексей Бортников ҷиҳати боздиди корӣ ба Душанбе омад.

Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар нимаи аввали рӯз мулоқоти А.Бортников бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили ҳамкории муштараки хадамоти амниятии кишварҳо дар мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин вохӯрии А,Бортников бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хайриддини Абдураҳимов ба нақша гирифта шудааст.