Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон генератори пуриқтидори 40 кВт-ро ба маркази муолиҷаи бемории нашъамандии ба номи М.Ғуломов чун тӯҳфа тақдим мекунад.

Мудири марказ Маҳмадраҳим Малахов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чунин генератор қодир аст дармонгоҳро бо равшанӣ ва гармӣ пурра таъмин намояд. «Айни замон дар марказ 80 нафар табобат мегиранд», - гуфт ӯ.