Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Мудири Маркази ҷумҳуриявии корҳои тарбиявӣ ва беруназсинфии Вазорати маорифи Тоҷикистон Сафаралӣ Нозимов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки соли равон дар басти аввали лагерҳои тобистона ҳудуди 90 ҳазор нафар кӯдакон истироҳат карданд.

Ба гуфтаи ӯ, қисми бештари кӯдакон (67 ҳазор нафар) дар лагерҳои вилояти Суғд истироҳати худро гузаронидаанд, ки дар қаламрави ин вилоят 19 лагерҳо, аз қабили «Уқоб», «Парасту», «Артуч», «Зуҳал», «Обшорон», «Бободархон» ва ғайра фаъолият карданд. «Ҳамчунин дар вилоят барои хонандагони синфҳои болоӣ 195 лагерҳои меҳнатӣ ва 7 лагерҳои варзишӣ ташкил шуда буданд», - гуфт ӯ.

Дар лагерҳои истироҳативу меҳнатӣ ва варзишии вилояти Хатлон 21 ҳазор нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 ҳазору 181 нафар ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ 2 ҳазор нафар кӯдакону наврасон истироҳат карда, саломатии худро беҳ сохтанд.

Айни замон дар бастҳои дуввуми саввуми лагерҳо истироҳати кӯдакон идома дорад.