Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар намоишгоҳи миллии Чин дар Душанбе ба маблағи 189 миллион доллари амрикоӣ шартномаҳо оид ба ҳамкорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо 30 ширкати чиноӣ ба имзо расиданд. Намоишгоҳи миллии Чин таҳти унвони «Тиҷорат ва сармоягузории Чину Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе аз 29-уми июл то 1-уми август баргузор гашт. Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки намоишгоҳ барои соҳибкорони тоҷик самараи хуб оварда, ҷиҳати густариши минбаъдаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ бо Чин заминаи боэътимод фароҳам сохт.

Ёдрас мекунем, ки дар намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 70 корхонаву ширкат аз 6 вилояти Чин, аз қабили ширкатҳои маъруфи «ТВЕА» (таҷҳизоти вазнини сохтмонӣ ва техникӣ), «Ямала» (сарулибос барои кӯдакон), « ZTE » (таҷҳизот ва техникаи телекоммуникатсионӣ), «Хуавей» (техникаи телекоммуникатсионӣ) ва таҷҳизоти техникиву тарҳҳои сохтмонии ширкати умумичинии сохтмони роҳу купрӯкҳо ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.

Ба гуфтаи О.Сангов, ин яке аз бузургтарин намоишгоҳҳо дар минтақа буда, он бо ташаббуси президенти Тоҷикистон, ки  зимни боздид аз Чин баргузории онро пешниҳод карда буд, сурат гирифт. Намояндаи сафорати Чин дар Тоҷикистон Гунт Шуан Си изҳор дошт, ки соли гузашта муомилоти мол миёни кишварҳо ба 520 млн. доллар расидааст ва «мо боварӣ дорем, ки соли равон он ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт».