Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Сармушовири Департаменти Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Дэвид Оуэн ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки моҳи сентябр дар назди Вазорати молияи Тоҷикистон сохтори назоратие таъсис дода мешавад, ки бо мониторинги корхонаҳои бузург машғул хоҳад гашт.

Ба гуфтаи ӯ, таъсиси мақомоти назоратӣ тибқи Барномаи мониторинги Хазина ( SMP ), ки айни замон дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, пешбинӣ шудааст.

«Корхонаҳои бузург мунтазам ба ин мақомот ҳисобот пешкаш менамоянд ва ин иқдоми муҳимест барои баланд бардоштани сатҳи шаффофияти фаъолияти корхонаҳои бузург, - идома дод ӯ. - Интизор меравад, ки ин сохтор моҳи сентябр таъсис хоҳад ёфт».

Дар бораи баргузории санҷиши ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Д.Оуэн зикр кард, ки айни замон аудит мегузарад, вале мӯҳлати анҷоми он маълум нест. Вай чунин баён дошт: «Мо бо якчанд суол ба ширкат муроҷиат намудем ва акнун мӯҳлати давоми аудит аз посухҳои онҳо вобаста аст. Мо барои он ба баргузории аудити ширкати «Барқи тоҷик» манфиатдорем, ки он андозсупорандаи бузург аст, вале маҳз аз супоридани андози буҷа то ҳол қарздор аст».

Д.Оуэн зикр кард, ки Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) омода аст, ба пардохти қарзҳои ХБА шурӯъ намояд ва дар чанд ҳафтаи ахир захираҳои байнулмилалиро ба андозаи зиёд афзудааст, ҳарчанд чунин ҳаҷми афзоиш мувофиқи нақша пешбинӣ нашуда буд.

«Мо огоҳем, ки БМТ аз ахири моҳи сентябр ба пардохти ин қарзҳо шурӯъ хоҳад кард ва инро мақомоти расмӣ низ тасдиқ мекунанд», - афзуд ӯ.