Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Марзбонони тоҷик дар ноҳияи Шӯрообод аз қочоқи маводи мухаддир ба миқдори 145 кило аз Афғонистон ҷилавгирӣ карданд.

Сардори дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон подполковник Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар натиҷаи баргузории амлиёти махсус дар сарҳад шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст, ки ҳангоми кофтуков аз ӯ беш аз 140 кило маводи мухадддири навъи ҳашиш, 5 кило ҳероин ва аслиҳаи оташфишони «Калашников» дарёфт ва мусодира карда шуд.

«Айни замон нибат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, шарикони ӯ ҷустуҷӯ карда мешаванд», - изҳор дошт сарчашма. Аз пешниҳоди маълумот оид ба ҷузъиёти дигари ин ҳодиса бо сабаби идомаи чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯӣ худдорӣ карданд.