Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Душанбе Маркази панҷуми хизматрасонии муштариёни ширкати алоқаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «TT mobile» (бо нишони тиҷоратии MLT)
ифтитоҳ гардид.
Аз дафтари матбуоти ширкат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 412 маркази дилерӣ ва нуқтаҳои зиёди дилерии фурӯш (159 нуқта дар шаҳри Душанбе) амал мекунанд.
Зикр гардид, ки шабакаи алоқаи ширкат дорои 200 ҳазор муштарии фаъол аст. Айни замон ширкати алоқа ба муштариён шаш нақшаи тарофавиро пешниҳод кардааст. Нақшаи «Навин» моҳи июни соли равон пешниҳод гардид. Мудири кулли ширкат Гулмаҳмад Қаюмов изҳор дошт, ки ахири соли 2006 теъдоди муштариён бо сатҳи воридшавии 6 фоиз ба 1 млн. расида, соли равон афзоиши он то 3 млн. бо сатҳи воридшавии 42 фоиз пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, тайи ду соли ахир ширкат ба муштариён сиёсати густардаи тарофавии пешниҳоди алоқаи сифатнок, боэътимод ва дастрасро роҳандозӣ намудааст. Ширкат ният дорад то нимаи соли 2009-ум хизматрасонии алоқаро дар 80 фоизи қаламрави кишвар ҷорӣ созад.
Маълумотнома:
75 фоизи саҳмияи ширкати
«TT-mobile»
ба оператори алоқаи «МегаФон»-и Русия ва 25 фоизи он ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Тоҷиктелеком» тааллуқ дорад. Ширкат аз соли 2001 дар Тоҷикистон ба пешниҳоди хизматрасонии алоқаи мобилии навъи
GSM
дар диапазони 900/1800 Мгс оғоз кард. Соли 2005 МЛТ аввалин ширкате гардид, ки ба муштариён хизматрасонии 3
G
– занги видеоиро пешниҳод сохт.
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста