Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Коршиноси сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдулло дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки қазияи имрӯзаи Осетияи Ҷанубӣ хеле гуногунҷабҳа аст. «Ҳама гуна амалиёти низомӣ бо истифода аз силоҳи вазнин аҳолиро ба бӯҳрони гуманитарӣ мувоҷеҳ месозад, - гуфт ӯ. - Имрӯз дар Осетияи Шимолӣ фавту азоби аҳолӣ, хароб гаштани тарзи зиндагии рӯзмарра ва зуҳури гурезаҳо ҷой доранд».

Ба ақидаи сиёсатшинос, ин ҷо омили сиёсӣ низ мавҷуд аст - амали раҳбарияти Осетияи Ҷанубӣ аз амали раҳбарияти Косово ҳеҷ фарқе надорад, зеро ҳам ину ҳам он мустақилиятро мехоҳанд.

Мавсуф зикр кард, ки Осетияи Ҷанубӣ мисли Ҷумҳурии Ичкерияи замони Дудаеву Яндарбиев ва Масхадов ҷумҳурии эътирофнашуда аст. «Ҷомеаи байнулмилалӣ онро чун ҷузъи ҷудонашавандаи Гурҷистон мешуморад, - гуфт ӯ. - Аз ин рӯ, амали раҳбарияти Гурҷистон аз амали мақомоти раҳбарии Русия бобати ҷорӣ сохтани тартиботи конститутсионӣ дар Чеченистон ҳеҷ тафовуте надорад ва ҷои таааҷуб ҳам нест, ки раҳбарияти Гурҷистон амали худро маҳз ба он нисбат медиҳад».

Р.А.Ғанӣ бар ин назар аст, ки чунин вазъ метавонад дар Приднестровеи Молдова, Севастопол ва Қрими Украина, Қаробоғи Кӯҳии Озарбойҷон ва вилоятҳои шимолии Қазоқистон низ ба амал ояд. «Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо дарназардошти вокуниши манфии Русия тарафдор ё муқобил будани худро ошкоро гуфта наметавонанд ва роҳи гуфтушунидро ҷиҳати ҳалли қазия воситаи беҳтарин хоҳанд донист», - изҳор дошт ӯ.

«Агар бо дастгирии Русия Осетияи Ҷанубӣ ғолиб ояд, аз ҷиҳатӣ сиёсӣ барои Русия ин на он қадр манфиатовар хоҳад буд, вале аз нигоҳи рушди ҳамкориҳои низомии Русия бо кишварҳои узви ИДМ Русия бурд хоҳад кард», - изҳор дошт сиёсатшинос.

«Агар ба Русия муяссар шавад, ки ҷангро дар Осетияи Ҷанубӣ пешгирӣ кунад, нуфузаш дар қаламрави ИДМ бештар хоҳад шуд», - гуфт дар анҷоми мусоҳиба Р.А.Ғанӣ.