Қӯрғонтеппа. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияи Ёвон 14 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар чанде аз мактабҳо бо ин сабаб дарсҳо дар вагонҳо гузаронида мешаванд. Айни замон бо ёрии кумитаи волидон сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад ва сохтмончиёни ният доранд, ки то оғози соли нави хониш ин синфхонаҳоро ба истифода диҳанд.

Ба гуфтаи муовини раис, дар мактабҳои дигар (дар ноҳия ҳамагӣ 77 мактаб мавҷуд аст) корҳои таъмиру сохтмон ба анҷом расиданд.

«Барои мактабҳои ноҳия 45 нафар омӯзгорони забони русиву англисӣ, кимиё, физика ва риёзӣ намерасанд», - афзуд Т.Шарипова.