Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Иттиҳодияи ширкатҳои кооперативии кишоварзии тавлид ва тавзеи мурғ ва тухми мурғи Мозандарон ният доранд, дар Тоҷикистон нуқтаҳои фурӯши гӯшт ва тухми мурғ ташкил кунанд.

            Роҳбари иттиҳодияи номбурда Носир Умрони Муҳаммадӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки шароити иқлимӣ ва қонунгузориҳои мавҷудаи Тоҷикистон имкон фароҳам месозанд, ки ин ҷо фаъолиятро ба роҳ монда, ҳамчунин корхонаҳои муштарак таъсис дода шавад.

            «Мо ният дорем, ки дар Тоҷикистон марказҳои фурӯши гӯшт ва тухми мурғ ташкил намоем ва масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди марказҳо айни замон дар ҳоли баррасӣ аст», - гуфт Н.У.Муҳаммадӣ. Ба қавли ӯ, гӯшту тухми мурғе, ки имрӯз дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯхта мешавад, гувоҳномаи байнулмилалиро доро нест.

            «Мо ният дорем, ки ба тоҷикистониён маҳсулоти босифати ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ пешниҳод созем, - гуфт роҳбари иттиҳодия. Мавсуф зикр намуд, ки марказҳо дар шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ кушода мешаванд.

Иттиҳодия яке аз бузургтарин тавлидкунандаи маҳсулоти гӯшт ва тухми мурғи Эрон буда, нишони сифати Аврупоро дорост. Иттиҳодия ҳамасола ба миқдори 25 ҳазор тонна 112 навъи маҳсулоти гӯшту тухми мурғ истеҳсол менамояд.