Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар як қатор ноҳияҳои Хатлон чиниши дастии пахта шурӯъ шуд.

Аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки соли равон ҳарорат хеле гарм омад ва дар ноҳияҳое, ки замини кишти пунбадона ба таври бояду шояд обёрӣ гардид, кӯракҳо 10-15 рӯз пештар ба шукуфтан даромаданд, вале одатан дар ин минтақа ҷамъоварии ҳосил пас аз 20-уми август шурӯъ мегардид.

Тибқи маълумоти вазорат, аз майдони умумии 242 ҳазору 439 гектар заминҳои кишти пунбадона дар майдони 232 ҳазору 836 гектар ба шукуфтан даромадани кӯракҳои ниҳоли пунбадона ба чашм мерасанд. «Дар 6 ҳазору 286 гектар кӯракҳо дар ҳоли шукуфтан қарор доранд», - изҳор дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар майдони 254 ҳазору 279 гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, ба миқдори 419 ҳазору 597 тонна ё худ 76,3 фоизи нақшаи пешбинишуда ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.