Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон Роҳбари Корпоратсияи байналмилалии молияв ӣ Ларс Тюнелл ва Директори и ҷ рокунандаи гур ӯ ҳи Бонки умуми ҷ аҳон ӣ оид ба То ҷ икистон Мишел Мордасиниро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории имр ӯ за ва дурнамои муносибатҳои То ҷ икистон бо ин созмонҳои бонуфузи ҷ аҳон ӣ баррас ӣ шуд.

Ҷ онибҳо дар бораи ҳамкории судманд дар беҳтарнамоии сиёсати пулию қарз ӣ ва фазои инвеститсион ӣ , сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти То ҷ икистон, дастгирии соҳибкории хурду миёнаи хусус ӣ ва иштирок дар рушди соҳаи энергетика гуфтуг ӯ йи судманд ан ҷ ом доданд.

Зикр гардид, ки аз соли 1994 то имр ӯ з бо мувофиқати Корпоратсияи байналмилалии молияв ӣ барномаю лоиҳаҳои зиёд, аз ҷ умла дар афзунсозии қобилияти қарздиҳии бонкҳои саҳҳомии То ҷ икистон, дастгирии бевоситаи соҳибкории хурду миёнаи хусус ӣ , ҷ ор ӣ намудани механизмҳои лизинг ва қарзи ипотек ӣ , сармоягузор ӣ ба соҳаҳои гидроэнергетика   ва кишоварз ӣ корҳои муҳим амал ӣ гаштаанд. Дар 14 соли ҳамкор ӣ бо розигии Корпоратсияи байналмилалии молияв ӣ ба То ҷ икистон 55 миллион доллари амрико ӣ инвеститсия равона шудааст, ки 17 миллиони он танҳо ба соли 2007 рост омада, аз афзоиши сармоягузор ӣ гувоҳ ӣ медиҳад.

Эмомал ӣ Раҳмон чунин ҳа ҷ ми маблағгузор ӣ ва иштироки Корпоратсияи байналмилалии Молиявиро дар дастгирии рушди иқтисодиёти То ҷ икистон нокифоя номида, таъкид дошт, ки имкону захираҳо барои афзун намудани ин нишондодҳо хеле зиёданд.

Ларс Тюнелл изҳор дошт, ки Корпоратсияи байналмилалии молияв ӣ ва Бонки умуми ҷ аҳон ӣ минбаъд рушди иқтисодиёти То ҷ икистонро бештар дастгир ӣ намуда, дар бартараф кардани мушкилоти соҳаҳои кишоварз ӣ , аз ҷ умла ҳаллу фасли қарзҳои хо ҷ агиҳои пахтакор, мусоидат ба афзоиши хазинаи қарзии бонкҳои саҳҳом ӣ ва хусусан дар азхудкунии имконоти фаровони гидроэнергетик ӣ иштироки фаъол хоҳанд дошт. Ҳамин нуктаро ҳамчунин   Директори и ҷ рокунандаи гур ӯ ҳи Бонки умуми ҷ аҳон ӣ оид ба То ҷ икистон Мишел Мордасини таъкид намуд.

Ба андешаи онҳо сохтмони нер ӯ гоҳҳои обии нави То ҷ икистон, хатҳои баландшиддати минтақавии интиқоли нер ӯ и барқ ва бисёр дигар лоиҳаҳои ҳаётан муҳим, ки дар татбиқи онҳо Бонки умуми ҷ аҳон ӣ   ва Корпоратсияи байналмилалии молияв ӣ иштироки фаъол хоҳанд дошт, ба афзоиши сармоягузории онҳо ба иқтисодиёти То ҷ икистон ва минтақаҳои Осиёи Марказ ӣ ва Осиёи Ҷ ануб ӣ боис мешавад.

Зимни гуфтуг ӯ йи судбахш нишондодҳои муътадили рушди и ҷ тимоию иқтисодии То ҷ икистон, беҳтаршавии фазои инвеститсион ӣ , бартарафгардии монеаҳои инкишофи соҳибкор ӣ , аз ҷ умла эълон шудани мораторий дар бораи манъи дусолаи сан ҷ ишҳо аз омилҳои умедбахши пешрафти иқтисодиёти кишвар маънидод гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.