Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ба Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ 13,4 млн. доллари амрикоӣ кӯмак ҷудо кард.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо назардошти ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ маросими ба имзорасии ворид намудани тағйирот ба созишномаи байниҳукуматии ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар соҳаи амният баргузор шуд. Асноди ҳамкориро сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба имзо расониданд.  

Дар чаҳорчӯбаи ин ин кӯмак 3 млн. доллари амрикоӣ барои таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар манотиқи дурдасти Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ва беш аз 2 млн. доллари амрикоӣ барои дастгирии сохтори милиса ва хадамоти амнияти Тоҷикистон ихтисос дода шудааст. Боз 3 млн. доллари амрикоӣ барои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дастгирии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон равона мегардад.

Барои таҳкими сарҳадоти Тоҷикистон, таъмири посгоҳҳои марзӣ, Академияи   хадамоти марзӣ дар Душанбе ва таъсиси маркази омӯзишиву таҳлилӣ дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳукумати ИМА 2,5 млн. доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.

Маблағи 3,7 млн. доллари иловагӣ барои дастгирии волоияти қонун тавассути омӯзиши судяҳо, ҳимоятгарон ва пуштибонии ташаббусҳо ҷиҳати мубориза алайҳи харидуфурӯши одамон ва такмили минбаъдаи Кодекси ҷиноятиву мурофиавии ҶТ равона мегардад. Дар маҷмӯъ, аз соли 1992 ҳаҷми қумаки сафорати ИМА ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои таъмини амният 28,8 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст.

«Мо ният дорем, дар соҳаи таъмини амният ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон идома диҳем, зеро кӯшишоти Тоҷикистонро дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм назаррас арзёбӣ менамоем», - таъкид сохт сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон.

Қобили зикр аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳар сол ба маблағи зиёда аз 40 миллион доллар ба То ҷ икистон к ӯ мак мерасонад. Ин маблағҳо дар бехтар ӣ , рушди иқтисод ӣ , озодии демократии То ҷ икистон ва тандурустию таҳсили шаҳрвандони то ҷ ик саҳми худро доранд. Дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд.