Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-Юга.ру - Хурӯҷи нерӯҳои низомии Русия аз Гурҷистон шоми 22-уми август анҷом ёфт. Дар ин бора хабаргузории «Юга.ру» иттилоъ медиҳад. Тибқи иттилои хабаргузорӣ, вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ба президенти Русия Дмитрий Медведев дар ин бора ҳисобот додааст. «Хурӯҷи қисмҳои низомӣ бидуни мушкилот соати 19.50 дақиқа ба анҷом расид», - изҳор доштааст А.Сердюков.

Ба қавли вазири мудофиаи Русия, «чанде аз нерӯҳои низомии Русия ҳоло дар Осетияи Ҷанубӣ қарор дошта, қисмате аз он аллакай ба маҳалли иқомати доимӣ ба қаламрави Русия баргаштаанд». «Дар маҳали даргириҳо посгоҳҳои назоратии нерӯҳои ҳомии сулҳи Русия ба фаъолият шурӯъ карданд», - хабар медиҳад агентии «РИА Новости».