Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир Медиа» - Аз оғози   сол то   ба ҳол   Вазорати тандурустии   ҷумҳурӣ ва Хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон   барои муассисаҳои   тиббии Бадахшон ба   маблағи   2,5 миллион сомонӣ   доруворӣ ва таҳҷизот   фиристодааст.

  Дар ин бора   зимни   баргузории   ҷаласа   бахшида   ба иди кормандони   тиб    дар   толори   мақомоти   шаҳрдорӣ    сардори раёсати тандурустии    Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)   Шодӣ Ҷамшедов      иттиллоъ дод . Манбаъ гуфт,   ки   ҳамчунин дармонгоҳҳои   ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ   аз ҳисоби   фонди захиравии Президент маблағгузорӣ   шуданд.   Сардори   раёсати тандурустӣ   Ш.   Ҷамшедов иброз дошт   ки   барои   беҳтар намудани   шароити   корӣ   ва баланд бардоштани музди меҳнати   кормандони тиб низ   кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

Дар ҷамъомад   ба   шаш нафар    кормандони     соҳаи тиб дар Бадахшон    унвони   Аълочии Вазорати тандурустӣ   дода шуд. Инчунин   иддае аз   кормандони соҳа    бо      Ифтихорнома ва   тӯхфаҳои хотиравӣ   қадр гардиданд.